Новости
Қадрдонии бонувони мувафақ аз ҷониби Фонди хайриявии “Музаффар”
Баргузории Форуми “Ман бо духтарам ифтихор дорам”! Фонди хайриявии “Музаффар” дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модарон ва ҷашни ҷаҳонии Наврӯз 14- уми марти соли 2026 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency- и шаҳри Душанбе Форуми бошукуҳеро зери унвони “Ман бо духтарам ифтихор дорам” доир намуд. Ҳамоишро Мадина Набизода муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Фонди хайриявии “Музаффар” Манзура Ҷӯраева ифтитоҳ намуд. Зикр гардид, ки ҳадафи Форум муаррифӣ, эътироф ва дастгирии бонувону модарони муваффақи тоҷик аст, ки бо дастовардҳояшон Тоҷикистонро дар дохилу хориҷи кишвар ба таври арзанда муаррифӣ намудаанд. Роҳбари Фонди хайриявии “Музаффар” Манзура Ҷӯраева иброз дошт, ки ин Форум воситае барои ибрози сипосу миннатдорӣ ба бонувони арзандаи кишвр ва қадрдонии заҳмату талошҳои бепоёни онҳо дар муаррифии миллат аст. Дар кори Форум намояндагони сохторҳои давлатӣ, бонувони муваффақ, шахсиятҳои шинохта, фаъолони ҷамъиятӣ, коршиносон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкати фаъол доштанд. Боиси хушҳолист, ки бонувони зебои кишвар дар ин ҳамоиш бо либоси миллӣ зоҳир шуданд, ки бозгӯкунандаи гузаштаи ифтихорофари миллати тоҷик . Боиси тазаккур аст, ки дар Форум 36 ширкаткунанда аз рӯи 5 бахш муаррифӣ шуданд. Дар он на танҳо ба бонувони комёби кишвар, балки ба модарони номзадҳо низ таваҷҷуҳи вижа зоҳир гардид. Тавре дар ҳамоиш зикр гардид баргузории чунин ҳамоишҳо ба пешравиву рушди бонувони тоҷик замина гузошта, онҳоро барои нашъунамои бештар ҳавасманд мегардонад. Барномаи фарҳангӣ бо ширкати овозхонону ҳунармандони саршиноси кишвар, аз ҷумла Нигина Амонқулова ҳамоишро шаҳомати дигаре бахшид. Бонувони кишвар аз ин ҳамоиш истиқболи хуш намуда, ба баргузоркунандагони он изҳори сипос намуданд