Новости
«Овози модар»: Лоиҳае, ки ба модарони фидокор боли парвоз ва умед мебахшад
Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Овози модар» ба ифтихори ҷашни Наврӯзи бостонӣ санаи 13 апрел дар Боғи ботаникии «Ирам» барои зиёда аз 50 нафар иштирокчиёни лоиҳа, яъне модароне, ки фарзандони маъюбиятдоштаро тарбия мекунанд, чорабинии бошукӯҳ бо оростани дастархони наврӯзӣ ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.
Баргузории чорабинӣ ба ин нафарон имкон дод, ки лаҳзае аз ташвишҳои рўзгор дар канор монда, худро зани озод ҳис кунанд.
«Пас аз 42 сол ман бори аввал бе фарзанди худ дар чорабинӣ иштирок мекунам. Ин бароям як эҳсоси ғайриодӣ буд. Ман дубора ҳис кардам, ки на танҳо модар, балки як бонуи озод ва зебо ҳастам. Ин мисли як нафаси тоза буд»- иброз дошт яке аз иштирокчиён.
Лоиҳаи «Овози модар», ки дар ки дар ҳамкорӣ бо Клуби «Ҳамдилон Оптима» амалӣ мешавад аз моҳи августи соли 2025 фаъолият намуда, барои шикастани ин девори танҳоӣ тарҳрезӣ шудааст.
Тарбияи фарзанди дорои ниёзҳои махсус аз модар фидокории комилро талаб мекунад. Аксари ин занон аз сабаби нигоҳубини доимии фарзанд имкони кор кардан ё ширкат дар ҳаёти ҷамъиятиро надоранд, ки ин аксар вақт боиси афсурдагӣ (депрессия) ва инзивои иҷтимоӣ мегардад.
Яке аз вижагиҳои асосии лоиҳа ҷалби занони рӯзгордида ва соҳибтаҷриба мебошад, ки онҳоро волонтёрони «синни нуқра» меноманд. Ҳар ҳафта, рӯзҳои чоршанбе, ин занони хирадманд бо модарони ҷавон вохӯрда,таҷрибаи рӯзгори худро нақл мекунанд, машваратҳои муфиди равонӣ медиҳанд, муҳити гарми оилавиро барояшон фароҳам меоранд.
Лоиҳаи «Овози модар» исбот мекунад, ки барои ин занони фидокор дастгирии маънавӣ гоҳо аз кӯмаки моддӣ муҳимтар аст. Масъулини Фонди «Музаффар» ният доранд, ки чунин вохӯриҳоро мунтазам идома дода, доираи фарогирии модарони ниёзмандро васеъ намоянд.